Саволхо

Намедонам ба дунболи чи мегардам
Чаро махви сутуни сояи сардам
Ва дар калби кавири хотироти дур
Чу рахгумкарда зохир мешавам хардам?
Садое менаояд аз сукути шаб
Ки бошад кам кунад аз сузиши дардам
Бахор омад,наомад модар аз пушта,
Ба зери сакфи гурбат бепадар фардам
Дар ин симфунии танхойи ёди он
Ду афришта накарда лахзае тардам
Чу бар поён расад харфу хадиси руз
Чи хохад буд пас фардо раховардам?

Ишке рох меравад

Ишке даруни синаи ман рох меравад
Гаввоси руди дил суи мох меравад
Ман дар вучуди худ бедор мешавам, бубин
Аз ман мане ба суи дилам рох меравад
Ин ринди бодахор бишкаста чому кузахо
Аз майкада ба суи хонакох меравад
Охаш зи сина мебарад бори надоматаш
Сангинтар аз кухе ин парри кох меравад
Сад бор туба кардаву бишкаста борхо
Акнун пайи ислохи иштибох меравад

Хаста шуд таърих

«Хаста шуд таърих аз такрорҳо»
Хаста шуд уштур ба зери борҳо
Корвон дар нимараҳ раҳгум бизад
Сорбон мардуд шуд аз ёрҳо
Ваьдаро дигар харидоре намонд
Холй шуд аз муштари бозорҳо
Охирин тарфанд ин айёши пир
Руз бо тасбеҳу шаб-зуннорҳо
Ғофил аз он мисли ин «навхочагон»
Дида олам борҳову борҳо
Мерасад акнун садои Офриқо
Кас наметарсад зи ҳабсу дорҳо
Руҳи озодй чу як эҳёгаре
Қад алам бинмуда аз оворҳо

_______________________________________

«Хаста шуд таърих аз такрорҳо»
Хаста шуд уштур ба зери борҳо
Корвон дар нимараҳ раҳгум бизад
Сорбон мардуд шуд аз ёрҳо
Гум намудам ман туро дар бодия
Мисли роҳии чудо аз ёрҳо
Роҳи абрешим набурдам суи ту
Бастаанд ин роҳро ғаддорҳо
«Серч» кардам дар биёбони араб
Иттило н-омад ба чуз сусморҳо
Ин баҳорон кош рақсон бинамат
Ҳамчу сабза дар бари чуборҳо

__________________________________________________

«Хаста шуд таьрих аз такрорҳо»
Хаста шуд уштур ба зери борҳо
Корвон дар нимараҳ раҳгум бизад
Сорбон мардуд шуд аз ёрҳо
Ваьдаро дигар харидоре намонд
Холй шуд аз муштари бозорҳо
Охирин тарфанд ин айёши пир
Руз бо тасбеҳу шаб-зуннорҳо
Ғофил аз он мисли ин «навхочагон»
Дида олам борҳову борҳо
Мерасад акнун садо аз зеру бам
Кас наметарсад зи ҳабсу дорҳо
Руҳи Рустам ҳамчу як эҳёгаре
Қад алам бинмуда аз оворҳо

Лек

Ҳамсояи мо шеър намехонаду лек
Қонуну фани зулол медонаду лек
Аз ҳарфу ҳичои ман хушаш меояд
Бинвиштани ин гуна наметонаду лек
Хоҳад хама шаб китоби ашъори маро
Бо дида варақ-варақ бигардонаду лек
Аз бими ҳасодати ду-се ҳочинамо
Дарвоза ба руи хеш пушонаду лек
Як шоираки ҳасудаки кибрандеш
Манро зи яке «блог» меронаду лек
Фардои чаҳони шеър на мову на у
Байту ғазалу зулол мемонаду лек

Ниёиш

Туро чу ёд мекунам, чаҳон мешавам, Худо
Канори Ту расида бекарон мешавам, Худо
Сифоти Ту ки мебарам, замин мешавад само
Дар ин миёна ҳамчу Каҳкашон мешавам, Худо
Туро садо намекунам, чу худ ҳамеша бо манй
Манам, ки гаҳ-гаҳе зи ту ниҳон мешавам, Худо
Агар гаҳе зи фарти яъс, дилам шикасту пора шуд
Ба Ту паноҳ бурда пур-тавон мешавам, Худо
Набудй-чозиба кучо? Ту ҳастй-ҳаст чозиба
Ки аз Ту суи Ту чунин равон мешавам, Худо
Маро зи худ марон, ки ман ғубори даргаҳи туам
Ва бо Ту дар худийи худ аён мешавам, Худо

Ишки точикона

Зулоли ашкҳои ту баҳона шуд
Садои гиряҳои мо тарона шуд
Ту омадиву кулбаи хароби ман
Чу кохи шоҳи олами фасона шуд
Нишастй дар канори ман ва ҳосилаш
Таронабусаҳои шоирона шуд
Зи атри хандаҳои софу беғашат
Ҳар он чй ғам, фирорй аз миёна шуд
Канори ҳам, ману ту бекарон шудем
Муҳаббате зи навъи точикона шуд

Ёди он шаб

Ёди он шаб, ки будам маст дар огуши шумо
Бусахо гарм рабуда зи лаби нуши шумо
Ончунон танг дар оғуши шумо хуфта будам
Карда ин зиндагиро муфт фаромуши шумо
Ҳар замон олами дигар бари ман во мекард
Дар дили шаб ба масал дидаи нимпуши шумо
Мори бозуи шумо дар тани ман мепечид
Гашта афсун ба афсонаи ман гуши шумо
Хотирам чамъ буд аз муи парешони шумо
Дидаам пур шуда аз пайкари гулпуши шумо

Ошик шудам

Буйи бахор омаду ошик шудам,
Савти хазор омаду ошик шудам.
Лолаи бишкуфта ба пеши назар
Орази ёр омаду ошик шудам.
Аз мижаи боми пур аз барфи хут,
Ашки катор омаду ошик шудам.
Боз зи базми хуши дилдодагон,
Нагмаи тор омаду ошик шудам.
Дар лаби руду лаби чу мавсими
Бусу канор омаду ошик шудам

ОМАДАМ

Гуфти биё,ман омадам,танхо чаро мемониам
Боре,ки худ хондй маро,аз бахри чи мерониам
Чое нарафтам аз барат,дасти ману домони ту
Ман кудаки ишки туам,бехуда мегирёниам
Аз дурхои дури дур, атри туро буйидаам
Масти хузурат гаштаам,эй хамдили пинхониам
Дар кучахои «Шеъри нав» гах гох агар бинй маро
Бегонаам дигар магу,як точикам,ирониам

Буи бахоронам биё

Барои кадами мубораки Мухаммадрафеъ ва шодихои Бузургмехр ва Мухаммадалй, наберагони ширини ман

Ман дар гули рухсори ту буи бахорон додаам,
Андар садои гиряат, начвои борон дидаам.
Хуш омадй, эй руйи ту ойинаи руйи Худо,
Руйи Худо дар руйи ту хамчун бахорон дидаам.
Хар шаб фаришта мерасад аз осмон бар махди ту,
Он кудсиёнро гирди ту шабзиндадорон дидаам.
Эй кош мешуд лахзае ман мебудам дар чойи ту,
Андар хаёлам хешро дар базми ёрон дидаам.

Гуруб

Чу домани гуруб ранг мешавад,
«Дилам барои худам танг мешавад».
Зи марги рузи дигар аз хисоби умр
Нафас ба ханчара шаранг мешавад.
Фишор мехурам ба зери бори гам,
Cаманди эътимод ланг мешавад.
Магар манам, ки ин манам ва ё на ман?
Миёни руху чисм чанг мешавад.
Хавои бехудй зи худ маро барад,
Равони ман хумори банг мешавад.
Вале зи бодаи дигар даруни ман,
Шаголи пири дил паланг мешавад.
***
Мисраъ аз устод М. Бахманй.

Дар огуши ту

Ду зулфи туро ман ғазал мекунам
Туро бо ғазал дар бағал мекунам
Ду чашми чу ҳавзи зулоли туро
Ба иксири буса асал мекунам
Лабонат қасида ба девони шеър
Ки тақлиди Шайхи ачал мекунам
Дар оғуши ту паноҳ мебарам —
Ба ҳарфи нигоҳат амал мекунам.

Имшаб

Туро мегирям, эй гул, дар мазори ёдҳо имшаб
Бароят мешавад лабгиряам фарёдҳо имшаб.
Даруни хона рахти хоби ман атри туро дорад
Ки юриш бурдаанд бар манзили ман бодҳо имшаб.
Ту будию сафо буду ҳама шаб ишқу хушҳолй
Ту рафтию ману руъёи он эчодҳо имшаб.
Дар ин мулки дили вайронаам лабхандҳо хушканд,
Ба дасти шеър месозам хати ободҳо имшаб.
Кунун қаҳрй, маро бегона мегуйи ва ман аз ту
Шикоят мебарам бар хитаи ачдодҳо имшаб.

Барои набераам Илоха

Эй чонамози чашми ман, биё
Меҳроби рози чашми ман, биё
Эй Каъбаи шукуфтани гули
Рамзи ниёзи чашми ман, биё
Дар куҳи сури Тури орзу
Чун дилнавози чашми ман,биё
Рақси фаришта мекунй маҳин
Ҳамбози сози чашми ман, биё
По мегузорй чун парй ба ноз
Эй нози нози чашми ман, биё
Байту таронаву қасидайи
Зебо, баёзи чашми ман, биё!

Ману ту

То ту ҳастиву ғазал ҳаст, ману ту ҳастем,
Ишқро азму чадал ҳаст,ману ту ҳастем.
То вафо ҳасту чафо ҳаст ва дар ин водй,
Шеваи рузи азал ҳаст,ману ту ҳастем.
То дар ин майкадаи ишқ зи шуру мастй,
Бо туам қасди бағал ҳаст,ману ту ҳастем.
То дар он бусагаҳи ҳамчу анори руят,
Шаҳди ангуру асал ҳаст,ману ту ҳастем.
То дар ин зистгаҳи булъачаби одамизод,
Сояи теғи ачал ҳаст, ману ту ҳастем.

Эй чашма

Чони ману чони ту қарин, эй чашма
Мову ту ғариби ин замин, эй чашма
Мо зодаи куҳему фирорй аз у
Аз модари худ гушанишин,эй чашма
Дар ҳасрати хонаи падар месузем,
Ожанги чудойи дар чабин,эй чашма
Ойинаи андуҳи мани чун хоҳар
Бо ҳастии ман шуда ачин,эй чашма
Умрест, ки саргузашти мо мехонй,
Бо нолаю бо савти ҳазин,эй чашма
То гардиши моҳу шамс бошад, бошй
Дар ҳалқаи куҳ чун нигин,эй чашма

Харфхо

Хастаам ман аз ниқоби ҳарфҳо
Аз уболу аз савоби ҳарфҳо
Ин хама шабхои бехобии ман
Сахнае аз печу тоби ҳарфҳо
Зарбаҳои қалби ман дар синаам
Як танин аз изтироби ҳарфҳо
Мешавад дар пайкари ман зилзила
Лаҳза-лаҳза аз шитоби ҳарфҳо
Дар нигоҳам ҳарфҳо дар гуфтугу
Дар сукутам, инқилоби ҳарфҳо
Бим дорам, окибат аз ин чахон
Меравам ман дар рикоби ҳарфҳо

Эй чони ман

Эй чони ман, чони маро бетоб кун, бетоб кун,
Дар руди эҳсосу чунун, ғарқоб кун, ғарқоб кун.
Нуру зиёро барфишон бар тору пуди ҳастиам,
Дар мулки тори синаам маҳтоб, кун, маҳтоб кун
Аз олами бехобиҳо манро раҳо кун соате,
Дар бистари оғуши худ дар хоб кун, дар хоб кун.
Манро ки ҳастам ташначон, ҳам ташнадил, ҳам ташнаком,
Аз шарбати лабҳои худ шодоб кун, шодоб кун.
«Ман»ро бикуш дар ман ва худ, то ман ва ту як «мо» шавем,
Моро фидои нашъаи ноёб кун, ноёб кун.
Арчй ҳаё вочиб бувад дар маслаки дилдодагон,
Як лаҳза тарки қолаби одоб кун, одоб кун.

Дар ру ба руи акси кудакй-2

Дар Ту бедор аст руҳи кудакй,
Ифтихороту футуҳи кудакй.
Дар нигоҳи соддаи Ту метапад,
Он ғурури ҳамчу куҳи кудакй.
Ин куфайка дар танат ҳамчун қабо,
Тоқиат точи шукуҳи кудакй.
Дар зулоли дидагони поки Ту,
Киштй месозад Нуҳи кудакй.
Ру ба руят менадонам ман киям?
Як фирорй аз гуруҳи кудакй.

Базми фалак

Шаб фуру афтод аз боми фалак
Руз шуд зиндонии доми фалак
Моҳи шабрав ҳамчу нони ширмол
Ахтарон олучаи шоми фалак
Абрҳои бодбонй ҳар тараф
Дар шино монанди эҳроми фалак
Шабнам аз мижгони шаб парвоз кард
Шаҳдрезон шуд аз ин коми фалак
Каҳкашон бар муштарй гулдаста дод
То бирезад бода бар чоми фалак
Аз нигоҳи масти ахтарҳои дур
Бар замин борида инъоми фалак
Хилвати зебои мо дар қалби шаб
Инчунин бинмуда айёми фалак

Дар ру ба руи акси кудакй 1

Эй бегам, эй азиз, холо кучои Ту?
Хун мешавад дилам хар дам барои Ту.
Эй он ки рафтаи аз ман ба киссахо,
Гум кардаам дарег, ман изи пои Ту.
Дар хобхои шаб мебинамат гахе,
Бедор мешавам,аз ҳой-ҳои Ту.
Ман дар Ту гум шудам,ё гум намудамат,
Ту мотами манй, ё ман азои Ту?
Ман аз Ту рафтаам, аммо Ту бо манй,
Дар шеърхои ман харфу хичои Ту.
Эй кош мешудй чун сехру чодуе,
Дар қоб мешудам як дам ба чои Ту!

Савори сабз

Хазони зард меравад, бахори сабз мерасад
Ба сарзамини руху чон, хумори сабз мерасад
Зи изтироби бодхо хадиси рафтаро магу
Ба сарзамини интизор карори сабз мерасад
Ба мехвари замин нигар, ки аз самои хафтумин
Ба ифтихори хокиён мадори сабз мерасад
Каманди зулфи тобдор зи касди калбхо бигир
Ба юмни дому дори ту шикори сабз мерасад
Дигар сар омад интизор, биё ки чумъаи дигар
Савори асби бодпо, нигори сабз мерасад

Достони нимашаб

Як нигохи гарм дидам нимашаб,
Лахзае аз худ рамидам нимашаб.
Гуфтам: охир, ман кучову он парй?
З-у нигохамро буридам нимашаб.
Лек, чун охиста суям ханда кард
Дар канораш орамидам нимашаб.
Халка шуд дастони у бар гарданам,
Ман лабонашро макидам нимашаб
Чодари зебои у шуд болу пар
То фалакхо пар кашидам нимашаб…

Имшаб чу шабхои дигар

Девонаам, девонаам, имшаб чу шабхои дигар
Аз хештан бегонаам, имшаб чу шабхои дигар.
Хачри рухи зебонигор, манро намуда бодахор,
Лабрез бин паймонаам, имшаб чу шабхои дигар.
Чун бода махмурам кунад, аз хештан дурам кунад,
Дар олами афсонаам, имшаб чу шабхои дигар.
Ман бодаро масти дихам хар бударо хасти дихам,
Гуи ки ман фарзонаам,имшаб чу шабхои дигар.
Мургони хасти масти ман, афтода андар шасти ман,
Хам обаму хам донаам, имшаб чу шабхои дигар.
Ман майкашонро май дихам, хам нолахо бар най дихам,
Масчидаму бутхонаам, имшаб чу шабхои дигар.
Хохам, ки суи у равам, аз чокарони у шавам,
Дар по вале завлонаам, имшаб чу шабхои дигар

Ё Ху

Ин чо ману танхойи шабхо хама шаб ё Ху
Аз хачри рухи он дуст афсус ба лаб ё Ху
Ин мулки харобистон як пораи ин кайхон
В-ин чархи чу ман хайрон афтода ачаб ё Ху
Хар бахр баре дорад, хар сарв саре дорад
Хар дор даре дорад Халлоч сабаб ё Ху
Ман дар рахи у фардам, сад захм расад хар дам
У доруи хар дардам биме ку зи таб ё Ху
Ман бо гами у шодам аз хар гаме озодам
У ишкаму иршодам ку ёди тараб ё Ху
У шайю чахон соя манро буда хамсоя
Гум гашта дар ин соя хар ному насаб ё Ху
Ман рахраву у рошид, ман фониву у човид
Гар риндаму гар зохид як луъбати Раб ё Ху

Исёнам орзуст

Файзи бахору накхати райхонам орзуст,
Савти хазору нагмаи боронам орзуст ।
Аз чоми Мавлави пайке ба ман бидех ,
Мастии талхи бодаи ирфонам орзуст
।З-он бода лола гул кунад андар кабои барф ,
Он лолазори ахмари раксонам орзуст ।
Аз бода акл бишкуфад андар абои тан ,
Бо ин шукуфа халкаи мастонам орзуст ।
Аз бода ишк ру занад аз умки руди дил,
Он ишки поки Хазрати Султонам орзуст ।
Аз бода во шавад хаме куфли забони лол,
Мифтохи банду нардаи зиндонам орзуст।
Он бодаро мабод ки ин суфи дихад ба бод,
К-ин маншаи саодату эхсонам орзуст ।
Он бодаро биёр соки бар чоми ман бирез ,
Бар ман бидех ки мастиву исёнам орзуст।

Зеботарин газал

Мерезад аз лабони ту бас нозанин газал
Аз обшори муи ту то бар замин газал
То сурхии лабони ту бар вожахо расид
Аз харф – харфи вожа чакид ангубин газал
Хайли нигохи ту аз лона пар кушуд
Гофил аз он ки менигарад аз камин газал
Мижгони чун синони ту в-абруи чун камон
Нахчиргахе намудаанд ин сарзамин газал
Сарви сихй, ки меравй чун кабки хушхиром
Арзонй карда накхати хулди барин газал
Ин вазну шеърукофия танхо бахона буд
Зеботар аз ту нест, гул,зеботарин газал

Метарсам

Ман аз ишки занони пир метарсам
Шикори хастаам, аз тир метарсам
Каманди зулфи печонат бипушон
Ки аз ин дому ин занчир метарсам
Нигоҳи масти худ бар ман марезон
Ки аз ҳар бозии тақдир метарсам
Маро бо бусаҳо беҳуда нанвоз
Ман аз ислоҳу аз таҳрир метарсам
Баёзи гарданат як бусагоҳ аст
Вале аз чурму аз тақсир метарсам
Туро дар хоби шаб дидам, чй дидам?
Ки аз ҳар фолу ҳар таъбир метарсам
Ба абруят мазан холу хат, эй бут
Мусалмонам ва аз такфир метарсам

Ҳасрат

Хуморе андар ин майхонаҳо нест
Майи софе дар ин паймонаҳо нест
Шикаста чоми Чам дар санги ғафлат
Нишон аз у дар ин вайронаҳо нест
Хароботй намонда дар харобот
Танини суҳбати фарзонаҳо нест
Ба даври шамъи ин шабзиндадорон
Дигар худсузии парвонаҳо нест
Чаманҳо холй аз товусу қумрй
Садои чучае дар лонаҳо нест
Чу хубонро ба му қайчй савор аст
Сари зулфе ба дасти шонаҳо нест
Аз он ишқу сафову сидқу ёрй
Ба чуз лафзи хуши афсонаҳо нест

Ман хастаам

Ман хастаам, ман хастаам дар гиру дори солҳо
Афтодаам, гум гаштаам андар хами гудолҳо
Ин ранги зардам кас надид, ҳарфи дилам кас нашнавид
Манро зи ман бигсастаанд, ин курҳо ин лолҳо
Аспи сапедам мерабуд гоҳу гаҳе бар Каҳкашон
Ҳайфо, варо бибридаанд, ҳам ёлҳо, ҳам болҳо
Ришу ҳичоби зоҳирй ойинаи тақво шуда,
Чуз ҳарзаҳое беш нест, ин қилҳо, ин қолҳо
Фарри Каён пар-пар шуда дар хитаи номоварон
Мадҳе намегуяд касе аз Рустаму аз Золҳо
Лайлй зи Мачнун хаста шуд, Вомиқ зи Узро дур гашт
Ҳусну малоҳат рафтааст, аз ин хату ин холҳо…

Ба баҳори нав расидем

Гули ман, баҳор мекун, ба баҳори нав расидем
Зи ғамон фирор мекун, ба баҳори нав расидем
Гули сабзаро биёвар, зи чаман ба мулки сина
Ҳаваси хумор мекун, ба баҳори нав расидем
Сари зулф бод медеҳ, гули лаб ба ханда во кун
Дили мо шикор мекун, ба баҳори нав расидем
Ба сипоси ин саъодат, ба тавофи куйи У рав
Назаре нисор мекун, ба баҳори нав расидем

Меравам, ки боз оям

Бо диле пур аз ғамҳо, меравам, ки боз оям
Дар мисоли шабнамҳо, меравам, ки боз оям
Ман на чуғди вайрона, булбуле ба бустонам
Дар суроғи ҳамдамҳо, меравам, ки боз оям
Аз чидоли душманҳо дар дилам кучо биме
Ман ба юмни Рустамҳо, меравам, ки боз оям
Дар кавири хушкида, аз аташ наметарсам
Дар хавои Замзамҳо, меравам, ки боз оям
Дурй аз худии худ, имтихони такдир аст
Аз Каёнаму Чамҳо, меравам, ки боз оям

Нест

“Ишқ дар руи замин чустем, нест”
Ҳамдилеву ҳамнишин чустем, нест
Дур мондем аз худу бо сад умед,
Андар ин паҳно қарин чустем нест
Мо ба назди ошно бегонаем
Дар кавире ангубин чустем, нест
Каҳкашони мо парешон гаштааст
Дар чаҳони шак яқин чустем, нест
Сидқро дар махфили худкомагон
Аз ясору аз ямин чустем, нест
Ҳамраҳе пайдо накрда дар замин
Ҳамраҳ аз чархи абрин чустем, нест

Чй шуд?

Эй бандии банди гамон, овои озодй чй шуд?
Вайронамаскан гаштайи, руъёи ободй чй шуд?
Аз хештан бибридайи, савти дигар бигзидайи,
Мотамнаво мебинамат, он шуру он шодй чй шуд?
Фарри каён пар-пар шуда, фарҳангҳо абтар шуда,
Он шуълаҳо ахгар шуда, ойини ачдодй чй шуд?
Ту аз “ман”-и худ дуртар, бо хештан ночуртар,
Садпораву ранчуртар, ангезаи родй чй шуд?
Чамшедро чоме дигар, Ковусро номе дигар,
Ин субҳро шоме дигар, он асли бунлодй чй шуд?

Илхом аз Шанбам, шоираи иронй

Гули Марям

Ай хонуми даймоҳй, моро ту баҳор астй,
Ай лутфи шаҳаншоҳй, шахдиву хумор астй.
Ту туркиву ман точик, ту хушгилу ман ошиқ,
Туркона кушй моро, баҳ-баҳ чи нигор астй.
Мо дар раҳи ту фардем, н-аз руи ҳавасбозй,
Донам,ки немедонй, донй, ки на ёр астй.
Мо сайди туем бингар, завлона ба по дорем,
Дар доми туем, аз чи дар қасди шикор астй.
Гоҳе гузарй аз мо нодидаву бепарво,
Пайваста шитобони, ту тундсавор астй.
Ҳар дидани ту моро бар хеш намоёнад
Оййина мо ҳасти, бе гарду ғубор астй.
Теҳрону Душанберо пайванд диҳем бо ҳам
Ту ҳалқаи васли мо,на ҳалқаи дор астй.

Бехуди

Бо хештанам, аммо аз хеш гурезонам,
Ман гумшудаам дар худ, пайдояму пинҳонам
Роҳе, ки сипардам ман, чоҳе ба карон будаш
Афтода ба чоҳам ман, гумкардаи Канъонам.
Дар мулки каён чустам худро, нашудам пайдо
Дар чамъи зи худ ғофил чун бод парешонам
Ин чо ҳама аҳли “қол”, аз “ҳол” ҳама дуранд
Афтода ба як кунче дилсарду пушаймонам
Саркуб шуд ишқи дил бо панчаи дилкурон
Ман гушаи матрукам, як хитаи вайронам
Рустам, ту кучо хобй, он фарри каёнй ку?
Дар мулки Самангон бин, ман бардаи туронам

Хама рафта

Омадам ба ин гулшан булбулон ҳама рафта
Ёсу лола пажмурда боғбон ҳама рафта
Дар дарахти фарвардин нолаи хазон хуфта
Мурғакони хушилҳон бо фиғон ҳама рафта
Руду чашма хушкида обҳо ҳама бетоб
Аз канори ин дарё ташнагон ҳама рафта
Руҳи поки мардонаш дар хами пушаймони
Фарру файзи ачдоди ноаён ҳама рафта

Нашиносанд

Ин тоифа эҳсоси дили мо нашиносанд
Бе дард маризанд, мудово нашиносанд
Бехуд шудаанд аз худу бегонапарастанд
Дар хонаи худ модару бобо нашиносанд
Мурдобнишин гаштаву дармондаву зоранд
Амвочи хурушандаи дарё нашиносанд
Аз шарқй буриданду ба ғарбй нарасиданд
Раҳгумзадаанд, дидаи бино нашиносанд
Дар шаҳр зи ҳамшаҳр ба ҳар су бигурезанд
Дар бодияҳо пахнаи саҳро нашиносанд
Худ чорагари дарди чаҳон будаву имруз
Дар чораи худ ҳикмати Сино нашиносанд

Дафтари шеърам

Дафтари шеърам парешони ту шуд,
Сафҳа – сафҳа моту ҳайрони ту шуд
Байтҳоям сояе аз зулфи ту
Хомаам ойинагардони ту шуд.
Омадиву ин вучуди хастаам,
Чойи пойи амру фармони ту шуд.
Хонаам шуд гулшане аз мақдамат,
Ҳастиам мафҳуми имони ту шуд.
Сарнавишти ту сиришти ишқи ман,
Ишқи ман дар банди зиндони ту шуд.
Бусаам дар роҳи чашмат ланг шуд,
Ҳасрати ман оҳи пинҳони ту шуд.
Ин ғазал гуфтам, ки шояд хониаш,
Ашки талхе садди чашмони ту шуд.

Маро ту шоҳ мекунй

Ба чашми нимамасти худ ба ман нигоҳ мекунй
Маро ба ғамза мекушй, чаро гуноҳ мекунй?
Дар ин замона хандаро ба дорҳо кашидаанд,
Ту ханда медиҳй ба ман, чй иштибоҳ мекунй.
Чу мерасй ба хилватам, ба лутфи бусаҳои худ
Вуҷуди хастаам пур аз ҷалолу ҷоҳ мекунй
Ба марзи боғи пайкарат ба буса гул шинондаам
Ҳануз дар хаёли ман ту “оҳ оҳ” мекунй
Намешавй ту ёри ман, вале ба ишқи шарқиат
Ба шеъру ёди руйи худ маро никоҳ мекунй
Маликаи ғаюри ман! надорй бим аз касе
Ба тахт мешинониям, маро ту шоҳ мекунй