Гуруб

Чу домани гуруб ранг мешавад,
«Дилам барои худам танг мешавад».
Зи марги рузи дигар аз хисоби умр
Нафас ба ханчара шаранг мешавад.
Фишор мехурам ба зери бори гам,
Cаманди эътимод ланг мешавад.
Магар манам, ки ин манам ва ё на ман?
Миёни руху чисм чанг мешавад.
Хавои бехудй зи худ маро барад,
Равони ман хумори банг мешавад.
Вале зи бодаи дигар даруни ман,
Шаголи пири дил паланг мешавад.
***
Мисраъ аз устод М. Бахманй.

Дар огуши ту

Ду зулфи туро ман ғазал мекунам
Туро бо ғазал дар бағал мекунам
Ду чашми чу ҳавзи зулоли туро
Ба иксири буса асал мекунам
Лабонат қасида ба девони шеър
Ки тақлиди Шайхи ачал мекунам
Дар оғуши ту паноҳ мебарам —
Ба ҳарфи нигоҳат амал мекунам.

Имшаб

Туро мегирям, эй гул, дар мазори ёдҳо имшаб
Бароят мешавад лабгиряам фарёдҳо имшаб.
Даруни хона рахти хоби ман атри туро дорад
Ки юриш бурдаанд бар манзили ман бодҳо имшаб.
Ту будию сафо буду ҳама шаб ишқу хушҳолй
Ту рафтию ману руъёи он эчодҳо имшаб.
Дар ин мулки дили вайронаам лабхандҳо хушканд,
Ба дасти шеър месозам хати ободҳо имшаб.
Кунун қаҳрй, маро бегона мегуйи ва ман аз ту
Шикоят мебарам бар хитаи ачдодҳо имшаб.

Барои набераам Илоха

Эй чонамози чашми ман, биё
Меҳроби рози чашми ман, биё
Эй Каъбаи шукуфтани гули
Рамзи ниёзи чашми ман, биё
Дар куҳи сури Тури орзу
Чун дилнавози чашми ман,биё
Рақси фаришта мекунй маҳин
Ҳамбози сози чашми ман, биё
По мегузорй чун парй ба ноз
Эй нози нози чашми ман, биё
Байту таронаву қасидайи
Зебо, баёзи чашми ман, биё!

Ману ту

То ту ҳастиву ғазал ҳаст, ману ту ҳастем,
Ишқро азму чадал ҳаст,ману ту ҳастем.
То вафо ҳасту чафо ҳаст ва дар ин водй,
Шеваи рузи азал ҳаст,ману ту ҳастем.
То дар ин майкадаи ишқ зи шуру мастй,
Бо туам қасди бағал ҳаст,ману ту ҳастем.
То дар он бусагаҳи ҳамчу анори руят,
Шаҳди ангуру асал ҳаст,ману ту ҳастем.
То дар ин зистгаҳи булъачаби одамизод,
Сояи теғи ачал ҳаст, ману ту ҳастем.

Эй чашма

Чони ману чони ту қарин, эй чашма
Мову ту ғариби ин замин, эй чашма
Мо зодаи куҳему фирорй аз у
Аз модари худ гушанишин,эй чашма
Дар ҳасрати хонаи падар месузем,
Ожанги чудойи дар чабин,эй чашма
Ойинаи андуҳи мани чун хоҳар
Бо ҳастии ман шуда ачин,эй чашма
Умрест, ки саргузашти мо мехонй,
Бо нолаю бо савти ҳазин,эй чашма
То гардиши моҳу шамс бошад, бошй
Дар ҳалқаи куҳ чун нигин,эй чашма

Харфхо

Хастаам ман аз ниқоби ҳарфҳо
Аз уболу аз савоби ҳарфҳо
Ин хама шабхои бехобии ман
Сахнае аз печу тоби ҳарфҳо
Зарбаҳои қалби ман дар синаам
Як танин аз изтироби ҳарфҳо
Мешавад дар пайкари ман зилзила
Лаҳза-лаҳза аз шитоби ҳарфҳо
Дар нигоҳам ҳарфҳо дар гуфтугу
Дар сукутам, инқилоби ҳарфҳо
Бим дорам, окибат аз ин чахон
Меравам ман дар рикоби ҳарфҳо

Эй чони ман

Эй чони ман, чони маро бетоб кун, бетоб кун,
Дар руди эҳсосу чунун, ғарқоб кун, ғарқоб кун.
Нуру зиёро барфишон бар тору пуди ҳастиам,
Дар мулки тори синаам маҳтоб, кун, маҳтоб кун
Аз олами бехобиҳо манро раҳо кун соате,
Дар бистари оғуши худ дар хоб кун, дар хоб кун.
Манро ки ҳастам ташначон, ҳам ташнадил, ҳам ташнаком,
Аз шарбати лабҳои худ шодоб кун, шодоб кун.
«Ман»ро бикуш дар ман ва худ, то ман ва ту як «мо» шавем,
Моро фидои нашъаи ноёб кун, ноёб кун.
Арчй ҳаё вочиб бувад дар маслаки дилдодагон,
Як лаҳза тарки қолаби одоб кун, одоб кун.

Дар ру ба руи акси кудакй-2

Дар Ту бедор аст руҳи кудакй,
Ифтихороту футуҳи кудакй.
Дар нигоҳи соддаи Ту метапад,
Он ғурури ҳамчу куҳи кудакй.
Ин куфайка дар танат ҳамчун қабо,
Тоқиат точи шукуҳи кудакй.
Дар зулоли дидагони поки Ту,
Киштй месозад Нуҳи кудакй.
Ру ба руят менадонам ман киям?
Як фирорй аз гуруҳи кудакй.

Базми фалак

Шаб фуру афтод аз боми фалак
Руз шуд зиндонии доми фалак
Моҳи шабрав ҳамчу нони ширмол
Ахтарон олучаи шоми фалак
Абрҳои бодбонй ҳар тараф
Дар шино монанди эҳроми фалак
Шабнам аз мижгони шаб парвоз кард
Шаҳдрезон шуд аз ин коми фалак
Каҳкашон бар муштарй гулдаста дод
То бирезад бода бар чоми фалак
Аз нигоҳи масти ахтарҳои дур
Бар замин борида инъоми фалак
Хилвати зебои мо дар қалби шаб
Инчунин бинмуда айёми фалак