Ишқе роҳ меравад

Ишқе даруни синаи ман роҳ меравад
Ғаввоси руди дил суи моҳ меравад
Ман дар вучуди худ бедор мешавам, бубин
Аз ман мане ба суи дилам роҳ меравад
Ин ринди бодахор бишкаста чому кузаҳо
Аз майкада ба суи хонақоҳ меравад
Оҳаш зи сина мебарад бори надоматаш
Сангинтар аз куҳе ин парри коҳ меравад
Сад бор туба кардаву бишкаста борҳо
Акнун пайи ислоҳи иштибоҳ меравад