Архив Ноябрь 2010

Ниёиш

Боевые потери РФ в Украине Туро чу ёд мекунам, чаҳон мешавам, Худо Канори Ту расида бекарон мешавам, Худо Сифоти Ту ки мебарам, замин мешавад само Дар ин миёна ҳамчу Каҳкашон мешавам, Худо Туро садо намекунам, чу худ ҳамеша бо манй Манам, ки гаҳ-гаҳе зи ту ниҳон мешавам, Худо Агар гаҳе зи фарти яъс, дилам шикасту […]

Ишки точикона

Зулоли ашкҳои ту баҳона шуд Садои гиряҳои мо тарона шуд Ту омадиву кулбаи хароби ман Чу кохи шоҳи олами фасона шуд Нишастй дар канори ман ва ҳосилаш Таронабусаҳои шоирона шуд Зи атри хандаҳои софу беғашат Ҳар он чй ғам, фирорй аз миёна шуд Канори ҳам, ману ту бекарон шудем Муҳаббате зи навъи точикона шуд

Ёди он шаб

Ёди он шаб, ки будам маст дар огуши шумо Бусахо гарм рабуда зи лаби нуши шумо Ончунон танг дар оғуши шумо хуфта будам Карда ин зиндагиро муфт фаромуши шумо Ҳар замон олами дигар бари ман во мекард Дар дили шаб ба масал дидаи нимпуши шумо Мори бозуи шумо дар тани ман мепечид Гашта афсун ба […]

Ошик шудам

Буйи бахор омаду ошик шудам, Савти хазор омаду ошик шудам. Лолаи бишкуфта ба пеши назар Орази ёр омаду ошик шудам. Аз мижаи боми пур аз барфи хут, Ашки катор омаду ошик шудам. Боз зи базми хуши дилдодагон, Нагмаи тор омаду ошик шудам. Дар лаби руду лаби чу мавсими Бусу канор омаду ошик шудам

ОМАДАМ

Гуфти биё,ман омадам,танхо чаро мемониам Боре,ки худ хондй маро,аз бахри чи мерониам Чое нарафтам аз барат,дасти ману домони ту Ман кудаки ишки туам,бехуда мегирёниам Аз дурхои дури дур, атри туро буйидаам Масти хузурат гаштаам,эй хамдили пинхониам Дар кучахои «Шеъри нав» гах гох агар бинй маро Бегонаам дигар магу,як точикам,ирониам

Буи бахоронам биё

Барои кадами мубораки Мухаммадрафеъ ва шодихои Бузургмехр ва Мухаммадалй, наберагони ширини ман Ман дар гули рухсори ту буи бахорон додаам, Андар садои гиряат, начвои борон дидаам. Хуш омадй, эй руйи ту ойинаи руйи Худо, Руйи Худо дар руйи ту хамчун бахорон дидаам. Хар шаб фаришта мерасад аз осмон бар махди ту, Он кудсиёнро гирди ту […]

Гуруб

Чу домани гуруб ранг мешавад, «Дилам барои худам танг мешавад». Зи марги рузи дигар аз хисоби умр Нафас ба ханчара шаранг мешавад. Фишор мехурам ба зери бори гам, Cаманди эътимод ланг мешавад. Магар манам, ки ин манам ва ё на ман? Миёни руху чисм чанг мешавад. Хавои бехудй зи худ маро барад, Равони ман хумори […]

Дар огуши ту

Ду зулфи туро ман ғазал мекунам Туро бо ғазал дар бағал мекунам Ду чашми чу ҳавзи зулоли туро Ба иксири буса асал мекунам Лабонат қасида ба девони шеър Ки тақлиди Шайхи ачал мекунам Дар оғуши ту паноҳ мебарам — Ба ҳарфи нигоҳат амал мекунам.

Имшаб

Туро мегирям, эй гул, дар мазори ёдҳо имшаб Бароят мешавад лабгиряам фарёдҳо имшаб. Даруни хона рахти хоби ман атри туро дорад Ки юриш бурдаанд бар манзили ман бодҳо имшаб. Ту будию сафо буду ҳама шаб ишқу хушҳолй Ту рафтию ману руъёи он эчодҳо имшаб. Дар ин мулки дили вайронаам лабхандҳо хушканд, Ба дасти шеър месозам […]

Барои набераам Илоха

Эй чонамози чашми ман, биё Меҳроби рози чашми ман, биё Эй Каъбаи шукуфтани гули Рамзи ниёзи чашми ман, биё Дар куҳи сури Тури орзу Чун дилнавози чашми ман,биё Рақси фаришта мекунй маҳин Ҳамбози сози чашми ман, биё По мегузорй чун парй ба ноз Эй нози нози чашми ман, биё Байту таронаву қасидайи Зебо, баёзи чашми […]

Ману ту

То ту ҳастиву ғазал ҳаст, ману ту ҳастем, Ишқро азму чадал ҳаст,ману ту ҳастем. То вафо ҳасту чафо ҳаст ва дар ин водй, Шеваи рузи азал ҳаст,ману ту ҳастем. То дар ин майкадаи ишқ зи шуру мастй, Бо туам қасди бағал ҳаст,ману ту ҳастем. То дар он бусагаҳи ҳамчу анори руят, Шаҳди ангуру асал ҳаст,ману […]

Эй чашма

Чони ману чони ту қарин, эй чашма Мову ту ғариби ин замин, эй чашма Мо зодаи куҳему фирорй аз у Аз модари худ гушанишин,эй чашма Дар ҳасрати хонаи падар месузем, Ожанги чудойи дар чабин,эй чашма Ойинаи андуҳи мани чун хоҳар Бо ҳастии ман шуда ачин,эй чашма Умрест, ки саргузашти мо мехонй, Бо нолаю бо савти […]

Харфхо

Хастаам ман аз ниқоби ҳарфҳо Аз уболу аз савоби ҳарфҳо Ин хама шабхои бехобии ман Сахнае аз печу тоби ҳарфҳо Зарбаҳои қалби ман дар синаам Як танин аз изтироби ҳарфҳо Мешавад дар пайкари ман зилзила Лаҳза-лаҳза аз шитоби ҳарфҳо Дар нигоҳам ҳарфҳо дар гуфтугу Дар сукутам, инқилоби ҳарфҳо Бим дорам, окибат аз ин чахон Меравам […]

Эй чони ман

Эй чони ман, чони маро бетоб кун, бетоб кун, Дар руди эҳсосу чунун, ғарқоб кун, ғарқоб кун. Нуру зиёро барфишон бар тору пуди ҳастиам, Дар мулки тори синаам маҳтоб, кун, маҳтоб кун Аз олами бехобиҳо манро раҳо кун соате, Дар бистари оғуши худ дар хоб кун, дар хоб кун. Манро ки ҳастам ташначон, ҳам ташнадил, […]

Дар ру ба руи акси кудакй-2

Дар Ту бедор аст руҳи кудакй, Ифтихороту футуҳи кудакй. Дар нигоҳи соддаи Ту метапад, Он ғурури ҳамчу куҳи кудакй. Ин куфайка дар танат ҳамчун қабо, Тоқиат точи шукуҳи кудакй. Дар зулоли дидагони поки Ту, Киштй месозад Нуҳи кудакй. Ру ба руят менадонам ман киям? Як фирорй аз гуруҳи кудакй.

Базми фалак

Шаб фуру афтод аз боми фалак Руз шуд зиндонии доми фалак Моҳи шабрав ҳамчу нони ширмол Ахтарон олучаи шоми фалак Абрҳои бодбонй ҳар тараф Дар шино монанди эҳроми фалак Шабнам аз мижгони шаб парвоз кард Шаҳдрезон шуд аз ин коми фалак Каҳкашон бар муштарй гулдаста дод То бирезад бода бар чоми фалак Аз нигоҳи масти […]

Дар ру ба руи акси кудакй 1

Эй бегам, эй азиз, холо кучои Ту? Хун мешавад дилам хар дам барои Ту. Эй он ки рафтаи аз ман ба киссахо, Гум кардаам дарег, ман изи пои Ту. Дар хобхои шаб мебинамат гахе, Бедор мешавам,аз ҳой-ҳои Ту. Ман дар Ту гум шудам,ё гум намудамат, Ту мотами манй, ё ман азои Ту? Ман аз Ту […]

Савори сабз

Хазони зард меравад, бахори сабз мерасад Ба сарзамини руху чон, хумори сабз мерасад Зи изтироби бодхо хадиси рафтаро магу Ба сарзамини интизор карори сабз мерасад Ба мехвари замин нигар, ки аз самои хафтумин Ба ифтихори хокиён мадори сабз мерасад Каманди зулфи тобдор зи касди калбхо бигир Ба юмни дому дори ту шикори сабз мерасад Дигар […]

Достони нимашаб

Як нигохи гарм дидам нимашаб, Лахзае аз худ рамидам нимашаб. Гуфтам: охир, ман кучову он парй? З-у нигохамро буридам нимашаб. Лек, чун охиста суям ханда кард Дар канораш орамидам нимашаб. Халка шуд дастони у бар гарданам, Ман лабонашро макидам нимашаб Чодари зебои у шуд болу пар То фалакхо пар кашидам нимашаб…

Имшаб чу шабхои дигар

Девонаам, девонаам, имшаб чу шабхои дигар Аз хештан бегонаам, имшаб чу шабхои дигар. Хачри рухи зебонигор, манро намуда бодахор, Лабрез бин паймонаам, имшаб чу шабхои дигар. Чун бода махмурам кунад, аз хештан дурам кунад, Дар олами афсонаам, имшаб чу шабхои дигар. Ман бодаро масти дихам хар бударо хасти дихам, Гуи ки ман фарзонаам,имшаб чу шабхои […]