Архив Ноябрь 2010

Ё Ху

Ин чо ману танхойи шабхо хама шаб ё Ху Аз хачри рухи он дуст афсус ба лаб ё Ху Ин мулки харобистон як пораи ин кайхон В-ин чархи чу ман хайрон афтода ачаб ё Ху Хар бахр баре дорад, хар сарв саре дорад Хар дор даре дорад Халлоч сабаб ё Ху Ман дар рахи у […]

Исёнам орзуст

Файзи бахору накхати райхонам орзуст, Савти хазору нагмаи боронам орзуст । Аз чоми Мавлави пайке ба ман бидех , Мастии талхи бодаи ирфонам орзуст ।З-он бода лола гул кунад андар кабои барф , Он лолазори ахмари раксонам орзуст । Аз бода акл бишкуфад андар абои тан , Бо ин шукуфа халкаи мастонам орзуст । Аз […]

Зеботарин газал

Мерезад аз лабони ту бас нозанин газал Аз обшори муи ту то бар замин газал То сурхии лабони ту бар вожахо расид Аз харф – харфи вожа чакид ангубин газал Хайли нигохи ту аз лона пар кушуд Гофил аз он ки менигарад аз камин газал Мижгони чун синони ту в-абруи чун камон Нахчиргахе намудаанд ин […]

Метарсам

Ман аз ишки занони пир метарсам Шикори хастаам, аз тир метарсам Каманди зулфи печонат бипушон Ки аз ин дому ин занчир метарсам Нигоҳи масти худ бар ман марезон Ки аз ҳар бозии тақдир метарсам Маро бо бусаҳо беҳуда нанвоз Ман аз ислоҳу аз таҳрир метарсам Баёзи гарданат як бусагоҳ аст Вале аз чурму аз тақсир […]

Ҳасрат

Хуморе андар ин майхонаҳо нест Майи софе дар ин паймонаҳо нест Шикаста чоми Чам дар санги ғафлат Нишон аз у дар ин вайронаҳо нест Хароботй намонда дар харобот Танини суҳбати фарзонаҳо нест Ба даври шамъи ин шабзиндадорон Дигар худсузии парвонаҳо нест Чаманҳо холй аз товусу қумрй Садои чучае дар лонаҳо нест Чу хубонро ба му […]

Ман хастаам

Ман хастаам, ман хастаам дар гиру дори солҳо Афтодаам, гум гаштаам андар хами гудолҳо Ин ранги зардам кас надид, ҳарфи дилам кас нашнавид Манро зи ман бигсастаанд, ин курҳо ин лолҳо Аспи сапедам мерабуд гоҳу гаҳе бар Каҳкашон Ҳайфо, варо бибридаанд, ҳам ёлҳо, ҳам болҳо Ришу ҳичоби зоҳирй ойинаи тақво шуда, Чуз ҳарзаҳое беш нест, […]

Ба баҳори нав расидем

Гули ман, баҳор мекун, ба баҳори нав расидем Зи ғамон фирор мекун, ба баҳори нав расидем Гули сабзаро биёвар, зи чаман ба мулки сина Ҳаваси хумор мекун, ба баҳори нав расидем Сари зулф бод медеҳ, гули лаб ба ханда во кун Дили мо шикор мекун, ба баҳори нав расидем Ба сипоси ин саъодат, ба тавофи […]

Меравам, ки боз оям

Бо диле пур аз ғамҳо, меравам, ки боз оям Дар мисоли шабнамҳо, меравам, ки боз оям Ман на чуғди вайрона, булбуле ба бустонам Дар суроғи ҳамдамҳо, меравам, ки боз оям Аз чидоли душманҳо дар дилам кучо биме Ман ба юмни Рустамҳо, меравам, ки боз оям Дар кавири хушкида, аз аташ наметарсам Дар хавои Замзамҳо, меравам, […]

Нест

“Ишқ дар руи замин чустем, нест” Ҳамдилеву ҳамнишин чустем, нест Дур мондем аз худу бо сад умед, Андар ин паҳно қарин чустем нест Мо ба назди ошно бегонаем Дар кавире ангубин чустем, нест Каҳкашони мо парешон гаштааст Дар чаҳони шак яқин чустем, нест Сидқро дар махфили худкомагон Аз ясору аз ямин чустем, нест Ҳамраҳе пайдо […]

Чй шуд?

Эй бандии банди гамон, овои озодй чй шуд? Вайронамаскан гаштайи, руъёи ободй чй шуд? Аз хештан бибридайи, савти дигар бигзидайи, Мотамнаво мебинамат, он шуру он шодй чй шуд? Фарри каён пар-пар шуда, фарҳангҳо абтар шуда, Он шуълаҳо ахгар шуда, ойини ачдодй чй шуд? Ту аз “ман”-и худ дуртар, бо хештан ночуртар, Садпораву ранчуртар, ангезаи родй […]

Гули Марям

Ай хонуми даймоҳй, моро ту баҳор астй, Ай лутфи шаҳаншоҳй, шахдиву хумор астй. Ту туркиву ман точик, ту хушгилу ман ошиқ, Туркона кушй моро, баҳ-баҳ чи нигор астй. Мо дар раҳи ту фардем, н-аз руи ҳавасбозй, Донам,ки немедонй, донй, ки на ёр астй. Мо сайди туем бингар, завлона ба по дорем, Дар доми туем, аз […]

Бехуди

Бо хештанам, аммо аз хеш гурезонам, Ман гумшудаам дар худ, пайдояму пинҳонам Роҳе, ки сипардам ман, чоҳе ба карон будаш Афтода ба чоҳам ман, гумкардаи Канъонам. Дар мулки каён чустам худро, нашудам пайдо Дар чамъи зи худ ғофил чун бод парешонам Ин чо ҳама аҳли “қол”, аз “ҳол” ҳама дуранд Афтода ба як кунче дилсарду […]

Хама рафта

Омадам ба ин гулшан булбулон ҳама рафта Ёсу лола пажмурда боғбон ҳама рафта Дар дарахти фарвардин нолаи хазон хуфта Мурғакони хушилҳон бо фиғон ҳама рафта Руду чашма хушкида обҳо ҳама бетоб Аз канори ин дарё ташнагон ҳама рафта Руҳи поки мардонаш дар хами пушаймони Фарру файзи ачдоди ноаён ҳама рафта

Нашиносанд

Ин тоифа эҳсоси дили мо нашиносанд Бе дард маризанд, мудово нашиносанд Бехуд шудаанд аз худу бегонапарастанд Дар хонаи худ модару бобо нашиносанд Мурдобнишин гаштаву дармондаву зоранд Амвочи хурушандаи дарё нашиносанд Аз шарқй буриданду ба ғарбй нарасиданд Раҳгумзадаанд, дидаи бино нашиносанд Дар шаҳр зи ҳамшаҳр ба ҳар су бигурезанд Дар бодияҳо пахнаи саҳро нашиносанд Худ чорагари […]

Дафтари шеърам

Дафтари шеърам парешони ту шуд, Сафҳа – сафҳа моту ҳайрони ту шуд Байтҳоям сояе аз зулфи ту Хомаам ойинагардони ту шуд. Омадиву ин вучуди хастаам, Чойи пойи амру фармони ту шуд. Хонаам шуд гулшане аз мақдамат, Ҳастиам мафҳуми имони ту шуд. Сарнавишти ту сиришти ишқи ман, Ишқи ман дар банди зиндони ту шуд. Бусаам дар […]

Маро ту шоҳ мекунй

Ба чашми нимамасти худ ба ман нигоҳ мекунй Маро ба ғамза мекушй, чаро гуноҳ мекунй? Дар ин замона хандаро ба дорҳо кашидаанд, Ту ханда медиҳй ба ман, чй иштибоҳ мекунй. Чу мерасй ба хилватам, ба лутфи бусаҳои худ Вуҷуди хастаам пур аз ҷалолу ҷоҳ мекунй Ба марзи боғи пайкарат ба буса гул шинондаам Ҳануз дар […]

НИЁИШ

Маро зи худ марон, ки ман ғубори даргаҳи туам Ва бо Ту дар худийи худ аён мешавам, Худо

Привет мир!

Добро пожаловать на Eto-ya.com. Это ваша первая запись. Её можно отредактировать, удалить или сделать видимой только вам, а затем наполняйте свой сайт! Вы можете создавать свой сайт в виде блога (дневника, журнала — при этом записи располагаются по дате создания — самые новые выше, их можно группировать по рубрикам или назначить им метки), или как […]