Ба баҳори нав расидем

Гули ман, баҳор мекун, ба баҳори нав расидем
Зи ғамон фирор мекун, ба баҳори нав расидем
Гули сабзаро биёвар, зи чаман ба мулки сина
Ҳаваси хумор мекун, ба баҳори нав расидем
Сари зулф бод медеҳ, гули лаб ба ханда во кун
Дили мо шикор мекун, ба баҳори нав расидем
Ба сипоси ин саъодат, ба тавофи куйи У рав
Назаре нисор мекун, ба баҳори нав расидем

Меравам, ки боз оям

Бо диле пур аз ғамҳо, меравам, ки боз оям
Дар мисоли шабнамҳо, меравам, ки боз оям
Ман на чуғди вайрона, булбуле ба бустонам
Дар суроғи ҳамдамҳо, меравам, ки боз оям
Аз чидоли душманҳо дар дилам кучо биме
Ман ба юмни Рустамҳо, меравам, ки боз оям
Дар кавири хушкида, аз аташ наметарсам
Дар хавои Замзамҳо, меравам, ки боз оям
Дурй аз худии худ, имтихони такдир аст
Аз Каёнаму Чамҳо, меравам, ки боз оям

Нест

“Ишқ дар руи замин чустем, нест”
Ҳамдилеву ҳамнишин чустем, нест
Дур мондем аз худу бо сад умед,
Андар ин паҳно қарин чустем нест
Мо ба назди ошно бегонаем
Дар кавире ангубин чустем, нест
Каҳкашони мо парешон гаштааст
Дар чаҳони шак яқин чустем, нест
Сидқро дар махфили худкомагон
Аз ясору аз ямин чустем, нест
Ҳамраҳе пайдо накрда дар замин
Ҳамраҳ аз чархи абрин чустем, нест

Чй шуд?

Эй бандии банди гамон, овои озодй чй шуд?
Вайронамаскан гаштайи, руъёи ободй чй шуд?
Аз хештан бибридайи, савти дигар бигзидайи,
Мотамнаво мебинамат, он шуру он шодй чй шуд?
Фарри каён пар-пар шуда, фарҳангҳо абтар шуда,
Он шуълаҳо ахгар шуда, ойини ачдодй чй шуд?
Ту аз “ман”-и худ дуртар, бо хештан ночуртар,
Садпораву ранчуртар, ангезаи родй чй шуд?
Чамшедро чоме дигар, Ковусро номе дигар,
Ин субҳро шоме дигар, он асли бунлодй чй шуд?

Илхом аз Шанбам, шоираи иронй

Гули Марям

Ай хонуми даймоҳй, моро ту баҳор астй,
Ай лутфи шаҳаншоҳй, шахдиву хумор астй.
Ту туркиву ман точик, ту хушгилу ман ошиқ,
Туркона кушй моро, баҳ-баҳ чи нигор астй.
Мо дар раҳи ту фардем, н-аз руи ҳавасбозй,
Донам,ки немедонй, донй, ки на ёр астй.
Мо сайди туем бингар, завлона ба по дорем,
Дар доми туем, аз чи дар қасди шикор астй.
Гоҳе гузарй аз мо нодидаву бепарво,
Пайваста шитобони, ту тундсавор астй.
Ҳар дидани ту моро бар хеш намоёнад
Оййина мо ҳасти, бе гарду ғубор астй.
Теҳрону Душанберо пайванд диҳем бо ҳам
Ту ҳалқаи васли мо,на ҳалқаи дор астй.

Бехуди

Бо хештанам, аммо аз хеш гурезонам,
Ман гумшудаам дар худ, пайдояму пинҳонам
Роҳе, ки сипардам ман, чоҳе ба карон будаш
Афтода ба чоҳам ман, гумкардаи Канъонам.
Дар мулки каён чустам худро, нашудам пайдо
Дар чамъи зи худ ғофил чун бод парешонам
Ин чо ҳама аҳли “қол”, аз “ҳол” ҳама дуранд
Афтода ба як кунче дилсарду пушаймонам
Саркуб шуд ишқи дил бо панчаи дилкурон
Ман гушаи матрукам, як хитаи вайронам
Рустам, ту кучо хобй, он фарри каёнй ку?
Дар мулки Самангон бин, ман бардаи туронам

Хама рафта

Омадам ба ин гулшан булбулон ҳама рафта
Ёсу лола пажмурда боғбон ҳама рафта
Дар дарахти фарвардин нолаи хазон хуфта
Мурғакони хушилҳон бо фиғон ҳама рафта
Руду чашма хушкида обҳо ҳама бетоб
Аз канори ин дарё ташнагон ҳама рафта
Руҳи поки мардонаш дар хами пушаймони
Фарру файзи ачдоди ноаён ҳама рафта

Нашиносанд

Ин тоифа эҳсоси дили мо нашиносанд
Бе дард маризанд, мудово нашиносанд
Бехуд шудаанд аз худу бегонапарастанд
Дар хонаи худ модару бобо нашиносанд
Мурдобнишин гаштаву дармондаву зоранд
Амвочи хурушандаи дарё нашиносанд
Аз шарқй буриданду ба ғарбй нарасиданд
Раҳгумзадаанд, дидаи бино нашиносанд
Дар шаҳр зи ҳамшаҳр ба ҳар су бигурезанд
Дар бодияҳо пахнаи саҳро нашиносанд
Худ чорагари дарди чаҳон будаву имруз
Дар чораи худ ҳикмати Сино нашиносанд

Дафтари шеърам

Дафтари шеърам парешони ту шуд,
Сафҳа – сафҳа моту ҳайрони ту шуд
Байтҳоям сояе аз зулфи ту
Хомаам ойинагардони ту шуд.
Омадиву ин вучуди хастаам,
Чойи пойи амру фармони ту шуд.
Хонаам шуд гулшане аз мақдамат,
Ҳастиам мафҳуми имони ту шуд.
Сарнавишти ту сиришти ишқи ман,
Ишқи ман дар банди зиндони ту шуд.
Бусаам дар роҳи чашмат ланг шуд,
Ҳасрати ман оҳи пинҳони ту шуд.
Ин ғазал гуфтам, ки шояд хониаш,
Ашки талхе садди чашмони ту шуд.

Маро ту шоҳ мекунй

Ба чашми нимамасти худ ба ман нигоҳ мекунй
Маро ба ғамза мекушй, чаро гуноҳ мекунй?
Дар ин замона хандаро ба дорҳо кашидаанд,
Ту ханда медиҳй ба ман, чй иштибоҳ мекунй.
Чу мерасй ба хилватам, ба лутфи бусаҳои худ
Вуҷуди хастаам пур аз ҷалолу ҷоҳ мекунй
Ба марзи боғи пайкарат ба буса гул шинондаам
Ҳануз дар хаёли ман ту “оҳ оҳ” мекунй
Намешавй ту ёри ман, вале ба ишқи шарқиат
Ба шеъру ёди руйи худ маро никоҳ мекунй
Маликаи ғаюри ман! надорй бим аз касе
Ба тахт мешинониям, маро ту шоҳ мекунй