Намедонам ба дунболи чи мегардам Чаро махви сутуни сояи сардам Ва дар калби кавири хотироти дур Чу рахгумкарда зохир мешавам хардам? Садое менаояд аз сукути шаб Ки бошад кам кунад аз сузиши дардам Бахор омад,наомад модар аз пушта, Ба зери сакфи гурбат бепадар фардам Дар ин симфунии танхойи ёди он Ду афришта накарда лахзае тардам […]
Ишке даруни синаи ман рох меравад Гаввоси руди дил суи мох меравад Ман дар вучуди худ бедор мешавам, бубин Аз ман мане ба суи дилам рох меравад Ин ринди бодахор бишкаста чому кузахо Аз майкада ба суи хонакох меравад Охаш зи сина мебарад бори надоматаш Сангинтар аз кухе ин парри кох меравад Сад бор туба […]
«Хаста шуд таърих аз такрорҳо» Хаста шуд уштур ба зери борҳо Корвон дар нимараҳ раҳгум бизад Сорбон мардуд шуд аз ёрҳо Ваьдаро дигар харидоре намонд Холй шуд аз муштари бозорҳо Охирин тарфанд ин айёши пир Руз бо тасбеҳу шаб-зуннорҳо Ғофил аз он мисли ин «навхочагон» Дида олам борҳову борҳо Мерасад акнун садои Офриқо Кас наметарсад […]
Ҳамсояи мо шеър намехонаду лек Қонуну фани зулол медонаду лек Аз ҳарфу ҳичои ман хушаш меояд Бинвиштани ин гуна наметонаду лек Хоҳад хама шаб китоби ашъори маро Бо дида варақ-варақ бигардонаду лек Аз бими ҳасодати ду-се ҳочинамо Дарвоза ба руи хеш пушонаду лек Як шоираки ҳасудаки кибрандеш Манро зи яке «блог» меронаду лек Фардои чаҳони […]
Туро чу ёд мекунам, чаҳон мешавам, Худо Канори Ту расида бекарон мешавам, Худо Сифоти Ту ки мебарам, замин мешавад само Дар ин миёна ҳамчу Каҳкашон мешавам, Худо Туро садо намекунам, чу худ ҳамеша бо манй Манам, ки гаҳ-гаҳе зи ту ниҳон мешавам, Худо Агар гаҳе зи фарти яъс, дилам шикасту пора шуд Ба Ту паноҳ […]
Зулоли ашкҳои ту баҳона шуд Садои гиряҳои мо тарона шуд Ту омадиву кулбаи хароби ман Чу кохи шоҳи олами фасона шуд Нишастй дар канори ман ва ҳосилаш Таронабусаҳои шоирона шуд Зи атри хандаҳои софу беғашат Ҳар он чй ғам, фирорй аз миёна шуд Канори ҳам, ману ту бекарон шудем Муҳаббате зи навъи точикона шуд
Ёди он шаб, ки будам маст дар огуши шумо Бусахо гарм рабуда зи лаби нуши шумо Ончунон танг дар оғуши шумо хуфта будам Карда ин зиндагиро муфт фаромуши шумо Ҳар замон олами дигар бари ман во мекард Дар дили шаб ба масал дидаи нимпуши шумо Мори бозуи шумо дар тани ман мепечид Гашта афсун ба […]
Буйи бахор омаду ошик шудам, Савти хазор омаду ошик шудам. Лолаи бишкуфта ба пеши назар Орази ёр омаду ошик шудам. Аз мижаи боми пур аз барфи хут, Ашки катор омаду ошик шудам. Боз зи базми хуши дилдодагон, Нагмаи тор омаду ошик шудам. Дар лаби руду лаби чу мавсими Бусу канор омаду ошик шудам
Гуфти биё,ман омадам,танхо чаро мемониам Боре,ки худ хондй маро,аз бахри чи мерониам Чое нарафтам аз барат,дасти ману домони ту Ман кудаки ишки туам,бехуда мегирёниам Аз дурхои дури дур, атри туро буйидаам Масти хузурат гаштаам,эй хамдили пинхониам Дар кучахои «Шеъри нав» гах гох агар бинй маро Бегонаам дигар магу,як точикам,ирониам
Барои кадами мубораки Мухаммадрафеъ ва шодихои Бузургмехр ва Мухаммадалй, наберагони ширини ман Ман дар гули рухсори ту буи бахорон додаам, Андар садои гиряат, начвои борон дидаам. Хуш омадй, эй руйи ту ойинаи руйи Худо, Руйи Худо дар руйи ту хамчун бахорон дидаам. Хар шаб фаришта мерасад аз осмон бар махди ту, Он кудсиёнро гирди ту […]
Чу домани гуруб ранг мешавад, «Дилам барои худам танг мешавад». Зи марги рузи дигар аз хисоби умр Нафас ба ханчара шаранг мешавад. Фишор мехурам ба зери бори гам, Cаманди эътимод ланг мешавад. Магар манам, ки ин манам ва ё на ман? Миёни руху чисм чанг мешавад. Хавои бехудй зи худ маро барад, Равони ман хумори […]
Ду зулфи туро ман ғазал мекунам Туро бо ғазал дар бағал мекунам Ду чашми чу ҳавзи зулоли туро Ба иксири буса асал мекунам Лабонат қасида ба девони шеър Ки тақлиди Шайхи ачал мекунам Дар оғуши ту паноҳ мебарам — Ба ҳарфи нигоҳат амал мекунам.
Туро мегирям, эй гул, дар мазори ёдҳо имшаб Бароят мешавад лабгиряам фарёдҳо имшаб. Даруни хона рахти хоби ман атри туро дорад Ки юриш бурдаанд бар манзили ман бодҳо имшаб. Ту будию сафо буду ҳама шаб ишқу хушҳолй Ту рафтию ману руъёи он эчодҳо имшаб. Дар ин мулки дили вайронаам лабхандҳо хушканд, Ба дасти шеър месозам […]
Эй чонамози чашми ман, биё Меҳроби рози чашми ман, биё Эй Каъбаи шукуфтани гули Рамзи ниёзи чашми ман, биё Дар куҳи сури Тури орзу Чун дилнавози чашми ман,биё Рақси фаришта мекунй маҳин Ҳамбози сози чашми ман, биё По мегузорй чун парй ба ноз Эй нози нози чашми ман, биё Байту таронаву қасидайи Зебо, баёзи чашми […]
То ту ҳастиву ғазал ҳаст, ману ту ҳастем, Ишқро азму чадал ҳаст,ману ту ҳастем. То вафо ҳасту чафо ҳаст ва дар ин водй, Шеваи рузи азал ҳаст,ману ту ҳастем. То дар ин майкадаи ишқ зи шуру мастй, Бо туам қасди бағал ҳаст,ману ту ҳастем. То дар он бусагаҳи ҳамчу анори руят, Шаҳди ангуру асал ҳаст,ману […]
Чони ману чони ту қарин, эй чашма Мову ту ғариби ин замин, эй чашма Мо зодаи куҳему фирорй аз у Аз модари худ гушанишин,эй чашма Дар ҳасрати хонаи падар месузем, Ожанги чудойи дар чабин,эй чашма Ойинаи андуҳи мани чун хоҳар Бо ҳастии ман шуда ачин,эй чашма Умрест, ки саргузашти мо мехонй, Бо нолаю бо савти […]
Хастаам ман аз ниқоби ҳарфҳо Аз уболу аз савоби ҳарфҳо Ин хама шабхои бехобии ман Сахнае аз печу тоби ҳарфҳо Зарбаҳои қалби ман дар синаам Як танин аз изтироби ҳарфҳо Мешавад дар пайкари ман зилзила Лаҳза-лаҳза аз шитоби ҳарфҳо Дар нигоҳам ҳарфҳо дар гуфтугу Дар сукутам, инқилоби ҳарфҳо Бим дорам, окибат аз ин чахон Меравам […]
Эй чони ман, чони маро бетоб кун, бетоб кун, Дар руди эҳсосу чунун, ғарқоб кун, ғарқоб кун. Нуру зиёро барфишон бар тору пуди ҳастиам, Дар мулки тори синаам маҳтоб, кун, маҳтоб кун Аз олами бехобиҳо манро раҳо кун соате, Дар бистари оғуши худ дар хоб кун, дар хоб кун. Манро ки ҳастам ташначон, ҳам ташнадил, […]
Дар Ту бедор аст руҳи кудакй, Ифтихороту футуҳи кудакй. Дар нигоҳи соддаи Ту метапад, Он ғурури ҳамчу куҳи кудакй. Ин куфайка дар танат ҳамчун қабо, Тоқиат точи шукуҳи кудакй. Дар зулоли дидагони поки Ту, Киштй месозад Нуҳи кудакй. Ру ба руят менадонам ман киям? Як фирорй аз гуруҳи кудакй.
Шаб фуру афтод аз боми фалак Руз шуд зиндонии доми фалак Моҳи шабрав ҳамчу нони ширмол Ахтарон олучаи шоми фалак Абрҳои бодбонй ҳар тараф Дар шино монанди эҳроми фалак Шабнам аз мижгони шаб парвоз кард Шаҳдрезон шуд аз ин коми фалак Каҳкашон бар муштарй гулдаста дод То бирезад бода бар чоми фалак Аз нигоҳи масти […]